0
0
0
0

Асосӣ

ТҶ «ФИДОКОР» соли 1996 дар Вазорати адлияи Ҷумӽурии Тоҷикистон ӽамчун ташкилоти маӽаллии шаӽри Душанбе, баъдан ӽамчун ташкилоти ҷумхуриявӣ  ба қайд гирифта шудааст.

Мақсаду мароми ташкилот:  мусоидат намудан ба рушди ҷомеаи шаӽрвандӣ ба воситаи расонидани ёрии машваратӣ, техникӣ ва ғайра ба иттиӽодияњои ҷамъиятии навтаъсис, ташкилотӽои худфаъолияти ҷамъиятӣ, кўмак ба табақаӽои камбизоати аӽолӣ мебошад.

27

июля

Тадқиқоти этнографӣ дар Ёвон, Ҳисор, Исфара, Б.Ғафуров, Восеъ ва Рӯдакӣ.

Қисмтаи  «Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон» дар доираи амалигардонии Ташаббуси Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон – Ташаббуси муштараки ИА ва СММ барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон аз ҷониби сохтори СММ-Занон ва шарики миллӣ ТҶ «Фидокор» татбиқ мешавад.    Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба татбиқи сиёсати гендерӣ ва пешгирии ҳамагуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон дар кишвар як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба монанди: • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (1.03. 2005); • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (19.03.2013); • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” (3.05.2014) ва ғ.ҳ. ба тасвиб расонида бошад ҳам, ҳанӯз муҳити атроф, урфу одат, қолабҳои шахшуда ва дигар меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ дар аксари маврид барои пешгирӣ ва рафъи зӯроварии хонаводагӣ, махсусан зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон дар ҷомеаи сунатии Тоҷикистон, монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Созмони ҷамъиятии “Фидокор” бо мақсади муайян ва тартиб додани рӯйхати меъёрҳои иҷтимоӣ, муносибат, рафторҳои зараровар ва мусбии  марбут ба зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон (ЗНЗД) дар шаҳру ноҳияҳои ҳадафии Ёвон, Ҳисор, Исфара, Б.Ғафуров, Восеъ ва Рӯдакӣ, инчунин муайян кардани шабакаҳои мушовирон ва паҳнкунандагони  маҳаллии меъёрҳо оид ба тағйир додани муносибат, рафтор ва тадбирандешиҳо барои хотима бахшидан ба ЗНЗД  дар доираи Лоиҳаи болозикр аз моҳи май то июли соли 2022 татдқиқоти  этнографӣ гузаронид. Барои самарабахш гузаронидани татқиқоти этнографӣ ба муҳаққиқони маҳаллӣ тренинги омӯзишии 3 –рӯзаи “Татқиқоти этнографӣ оид ба масъалаҳои ЗНЗД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” баргузор карда шуд. Сипас муҳаққиқони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҳадафӣ аз рӯйи мубоҳисаҳои  фокус-гурӯҳӣ, мусоҳибаи амиқ ва мушоҳидаҳо сари кор гирифтанд. Барои гузаронридани тадқиқоти мазкур тамоми мусоҳибон ба 3 гурӯҳи калон тақсим шуда буданд: 1) фаъолони сохторҳои давлатӣ ва аз байни ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин; 2) Занони синну солҳои гуногун аз байни аҳолӣ, новобаста аз мақому мартабаашон; 3) мардони синну солҳои гуногун новобаста аз мақому мартабаашон. Дар умум 30 мубоҳисаҳои фокус-гурӯҳӣ, 30 пурсиши амиқ ва 12 мушоҳидаҳои 2-3-рӯза дар муҳити хонавода гузаронида шуданд. Зимни гузаронидани тадқиқот ғайр аз пайдо кардани ҷавобҳо ба саволҳои тадқиқотӣ, ҳолатҳо ва қиссаҳои гуногуне ҷамъ оварда шуданд. Пас аз пурра таҳлили шудани натиҷаҳои тадқиқот, ТҶ “Фидокор” дар мувофиқа бо СММ-Занон, иловатан иттилоъ хоҳад дод.  

22

июня

«Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон»

Қисмтаи  «Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон» дар доираи амалигардонии Ташаббуси Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон – Ташаббуси муштараки ИА ва СММ барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон аз ҷониби сохтори СММ-Занон ва шарики миллӣ ТҶ «Фидокор» татбиқ мешавад.  Рӯзи 30 майи соли 2022 дар ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров Чемпионҳои “Системаи омӯзиши амалияи гендерӣ” (СОАГ) Шуҷоат Ҳасанова ва Рафоат Бобоева  аз рӯйи Восита/инструменти 3  “Дарахти Оилаи хушбахт” барои 22 – нафар иштирокчӣ, ки 14 нафар (64%) –и онро занон ташкил медиҳанд тренинг гузарониданд. Иштирокчиёни тренинг бо як рӯҳи болида зимни кори гурӯҳӣ ба гурӯҳҳои мардона ва занона муттаҳид шуда, фаъолияти худро тавассути кашидани расмҳо ишора мекарданд.  Ногуфта намонад, ки тренингҳои СОАГ аз тренингҳои маъмулӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар тренингҳои СОАГ иштирокчиён танҳо тавассути кашидани расм орзӯ, роҳҳои расидан ба орзӯ ва дастовардҳои худро ишора мекунанд, вале онро дастаҷамъона муҳокима мекунанд. Дар Восита//инструменти 3  “Дарахти Оилаи хушбахт”, гурӯҳҳо дар рӯи он кор хоҳанд кард ва барои ба мувозинат даровардани реша, шоха ва зершоха ва давраҳо, дар атрофи доираи сабз, мӯҳлатҳоро муқаррар мекунанд. Чунин тарзи кор ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки худашон тасмимгиранда бошанд то нақши ҳар як аъзои хонавода (марду зан) дар бадастовардани дастовардҳо зарур ва мушаххас инъикос шавад ва он ноайён ба баробарии гендерӣ мусоидат мекунад.  Чунин тренинг рӯзи 31 майи соли 2022 дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ш.Исфара баргузор гардид. Дар кори тренинг 21 нафар ширкат доштанд, ки 13 ва ё (62%)-ро занону духтарон ташкил медоданд.    Боиси қайд аст, ки тренерони маҳаллии СОАГ аз  шаҳру ноҳияи Исфара ва Б.Ғафуров Шуҷоат Ҳасанова ва Рафоат Бобоева  тасмим гирифтаанд тренингҳоро бо дастгирии дигар аъзоёни тимашон дастаҷамъона гузаронанд. Чунин тарзи кор имкон медиҳад, ки онҳо ҳамдигарро дастгирӣ ва табодули таҷриба кунанд. Инчунин талаботи СОАГ низ аз он иборат аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузург фаъолиятҳо бояд беғаразона ва дастаҷамъона бошад. Инчунин ҳар нафаре, ки тренинги СОАГ-ро мегузарад, пас аз Восита/инструменти 1 ва 2 дар оила ва ҷойҳои кору зисташон ба 5 нафари дигар донишҳои андӯхтаашонро меомӯзанд. Дар оғози тренингҳо иштирокчиён аз омӯзонидани 100 нафарии дигар, яъне дар маҷмӯъ 200 нафари дигар иттилоъ доданд. Ҳамин тариқ дар бораи Системаи омӯзиши амалияи гендерӣ (СОАГ) аллакай дар вилояти Суғд 251 нафар донишҳои гендерии худро баланд бардошта истодаанд, ки зиёда аз 50%-и онро занону духтарон ташкил медиҳанд.

23

мая

Первые победители практических гендерных исследований

Первые победители практических гендерных исследований (СОАГ-ГАЛС) под эгидой ОО «Фидокор» в рамках проекта «Луч света» в Таджикистане - совместной инициативы ЕС и ООН по искоренению насилия в отношении женщин и девочек в городах и районах стали действовать самостоятельно в городах и районах  Явон, Исфара, Рудаки, Восе, Бободжон и Гафуров.    Так, 17 мая 2022 года Лола Гуломова и ее команда провели первый тренинг по «Мечте» и «Путешествию с мечтой» с участием 20 мужчин и женщин в селе Тугарак Восейского района,в рамках проекта,координатор которого -Мадина Джумаева , также приняла участие в мероприятии и ознакомила участников с методологией SOAG-GALS.    Она отметила, что с 12 по 22 апреля текущего года 22 человека из 6 целевых городов и районов прошли обучение на тему «Внедрение методологии системы практического гендерного образования (СОАГ-ГАЛС) в рамках ООН-Женщины в Таджикистане» и Лола , Гульнора, Файзинисо и Сайора из Восейского района – первые чемпионы SOAG-GALS. Команда Лолы поделится своими знаниями о SOAG-GALS с другими. В тренинге приняли участие представители структуры «ООН-женщины» Диана Исмоилова,а также общественной организации «Фидокор» Мадина Джумаева и Марифат Шокирова.

17

мая

История успеха Шабнам

Наш рассказ о девушке со сложной судьбой, которая сумела не только выдержать трудности, но и помочь устоять своим старшим соседкам и подругам. Шабнам Шарипову (имя и фамилия по просьбе девушки изменены) родители сразу после окончания школы выдали замуж за человека, намного старше её, к тому же постоянно пребывавшего в трудовой миграции. После свадьбы муж увёз Шабнам в Россию, где она в качестве домохозяйки готовила, стирала, убирала в квартире с 20 трудовыми мигрантами. И при этом муж постоянно попрекал её за «иждивенчество», часто бил. А спустя год, когда Шабгам вернулась домой с маленьким ребёнком на руках, по телефону написал короткое СМС со словом «талок» (развод – тадж.) и этого оказалось достаточно, чтобы женщину выгнали на улицу. Обычная ситуация в Таджикистане. Но Шабнам не сдалась, решила стать успешной швеёй, освоить новые для себя навыки. Как раз в это время в Вахше ОО «Фидокор» в сотрудничестве с Общественным Фондом Fair & Sustainable Development Solutions (FSDS), начала реализацию проекта Шабнам попала в наше поле зрения именно своим мужеством и позитивным настроем. Она сразу отозвалась на наш призыв участвовать в проекте, и привела на курсы таких же, как она, женщин-членов семей трудовых мигрантов. «Многие мои подруги, родственники и соседки уехали в Россию на заработки, но там они никому не нужны, потому что у них нет профессии, они сидят дома, и их положение никак не изменилось. После того, как меня научили в рамках проекта основным навыкам швейного дела, я стала уверенно смотреть в будущее, и теперь не чувствую себя нахлебницей и иждивенкой, как меня обзывали в семье моего бывшего мужа. Теперь я поставила перед собой цель: объединить несколько своих подруг, научиться грамотно тратить заработанные деньги, и создать небольшой бизнес. Уверена, что благодаря проекту нам это удастся» - говорит Шабнам.

IT'S EASY

Свяжитесь с нами прямо сейчас

Мы всегда открыты к сотрудничеству!

Общественная организация “Фидокор”

Регион деятельности организации – Республика Таджикистан

Видение организации

Мы хотим, чтобы граждане Таджикистана жили в сформированном, развивающемся гражданском обществе. 

Ценности организации
- гражданское общество;
- равные возможности;
- участие в процессе принятия решения;
- целесообразность деятельности;
- командная сплочённость;
- демократичная атмосфера;
- взаимопомощь, взаимозаменяемость;
- профессионализм сотрудников;
Миссия организации 
Всемерное содействие в развитии гражданского общества Республики Таджикистан посредством усиления потенциала организаций гражданского общества, мобилизация сообществ на решение социальных проблем уязвимых групп населения, осуществление гуманитарной деятельности/
Стратегия организации 
Развитие социального партнёрства со всеми заинтересованными сторонами в установленном законом порядке
Реализация социальных программ и проектов
Повышение потенциала ОГО через образовательные мероприятия для целевых групп
Мобилизация местных сообществ на решение приоритетных социальных проблем населения
Внедрение инновационных социальных технологий
Дальнейшее распространение социального сопровождения для особо уязвимых групп населения и внедрение этой системы в практику деятельности государственных служб.

За весь период существования организация успешно реализовала 56 проектов и программ на общую сумму свыше $6,500,000.00, в том числе предоставила грантов НПО Таджикистана, на сумму $500,000.00

Партнеры организации

 Более 100 НПО со всех регионов страны, международные НПО, Комитет по делам женщин и семьи, Общественный Совет Республики Таджикистан, Комитет местного развития РТ

Страничка в Facebook 
https://www.facebook.com/NGOFidokor1996/