ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН! ВНИМАНИЕ, ОБЪЯВЛЕНИЕ!

Ташкилоти ҷамъиятии «Фидокор» дар якҷоягӣ бо Internews дар Тоҷикистон, дар чорчўбаи барномаи MediaCAMP Осиёи Марказӣ ҷавонони лаёқатманду эҷодкорро ҷиӽати иштирок дар Озмоишгоӽи контенти фарогир дар мавзуи рушди фаъолнокии иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон – Inclusive Content Lab, ки аз 7 то 10 июл дар яке аз мавзеъӽои зебоманзари наздики Душанбешаӽр барпо мегардад, таклиф менамоянд.

Inclusive Content Lab чист?

Фазоест, ки намояндагони расонаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешсафони ақидаву андешаҳо тарҳи чорабиниҳои расонаиеро таҳия мекунанд, ки масоили муҳити зистро барои ҷомеаи Тоҷикистон фаъол мегардонанд.

Дар натиҷаи коригурӯҳӣ ТО Inclusive Content Lab ва ДАР ВАҚТИ баргузории он интихоби дастаҳои беҳтарин, ки минбаъд дастгирии молиявиро ҷиҳати таҳия ва пешбурди лоиҳаҳои худ (бурсҳои хурд) ба даст меоранд, ба нақша гирифта шудааст.

Талаботи асосӣ:

Дархостҳо аз ҷавонони то 30 сола аз тамоми манотиқи Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Даста (команда) бояд аз намояндагони ВАО (рӯзноманигорон, блогерҳо) ва ТҶ (пешвоёни ақидаҳо, фаъолони шаҳрвандӣ ва ғайра) иборат бошад.

Дастаҳои номзадҳо дар дархостҳои худ иттилооти зеринро бояд дарҷ гардонанд:

  • Шарҳи муфассали ҳайати даста;
  • Тавсифи аудиторияи мақсаднок ва мушкилоти он;
  • Ақидаҳо бо нишондоди шакли ва усулҳои инъикоси он (интерактив; усулҳои гуногуни пешкаш (сомона + шабакаҳои иҷтимоӣ + мессенҷерҳои мобилӣ); бозӣ/қисматҳои геймификасия; технологияҳои муосири дигар, ки ба ақидаи шумо бартарӣ, имконияти ба таври васеъ паҳн кардану ҷалби аудиторияро мебахшанд).
  • Шарҳи навоварии лоиҳа;
  • Асоснокии таҷҳизоти техникӣ.

Дархостҳои қабулшударо комиссияи махсус дида мебарояд ва дар асоси тавсияҳои он ҳайати иштирокчиён тартиб дода мешавад.

Ташкилотчиён роҳкиро, будубош ва хӯроки иштирокчиёни дар натиҷаи озмун интихобшударо таъмин менамоянд.

Рӯзи охирини пешкаши дархостҳо – 27 июни соли 2019, то соати 17:00.

Дархостҳоятонро ба суроғаи info@fidokor.tj ирсол намоед.

Ҷиҳати дарёфти маълумоти иловагӣ метавонед тавассути телефони 37 884 11 22 муроҷиат намоед.

Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад.

 

22

июня

«Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон»

Қисмтаи  «Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон» дар доираи амалигардонии Ташаббуси Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон – Ташаббуси муштараки ИА ва СММ барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон аз ҷониби сохтори СММ-Занон ва шарики миллӣ ТҶ «Фидокор» татбиқ мешавад.  Рӯзи 30 майи соли 2022 дар ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров Чемпионҳои “Системаи омӯзиши амалияи гендерӣ” (СОАГ) Шуҷоат Ҳасанова ва Рафоат Бобоева  аз рӯйи Восита/инструменти 3  “Дарахти Оилаи хушбахт” барои 22 – нафар иштирокчӣ, ки 14 нафар (64%) –и онро занон ташкил медиҳанд тренинг гузарониданд. Иштирокчиёни тренинг бо як рӯҳи болида зимни кори гурӯҳӣ ба гурӯҳҳои мардона ва занона муттаҳид шуда, фаъолияти худро тавассути кашидани расмҳо ишора мекарданд.  Ногуфта намонад, ки тренингҳои СОАГ аз тренингҳои маъмулӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар тренингҳои СОАГ иштирокчиён танҳо тавассути кашидани расм орзӯ, роҳҳои расидан ба орзӯ ва дастовардҳои худро ишора мекунанд, вале онро дастаҷамъона муҳокима мекунанд. Дар Восита//инструменти 3  “Дарахти Оилаи хушбахт”, гурӯҳҳо дар рӯи он кор хоҳанд кард ва барои ба мувозинат даровардани реша, шоха ва зершоха ва давраҳо, дар атрофи доираи сабз, мӯҳлатҳоро муқаррар мекунанд. Чунин тарзи кор ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки худашон тасмимгиранда бошанд то нақши ҳар як аъзои хонавода (марду зан) дар бадастовардани дастовардҳо зарур ва мушаххас инъикос шавад ва он ноайён ба баробарии гендерӣ мусоидат мекунад.  Чунин тренинг рӯзи 31 майи соли 2022 дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ш.Исфара баргузор гардид. Дар кори тренинг 21 нафар ширкат доштанд, ки 13 ва ё (62%)-ро занону духтарон ташкил медоданд.    Боиси қайд аст, ки тренерони маҳаллии СОАГ аз  шаҳру ноҳияи Исфара ва Б.Ғафуров Шуҷоат Ҳасанова ва Рафоат Бобоева  тасмим гирифтаанд тренингҳоро бо дастгирии дигар аъзоёни тимашон дастаҷамъона гузаронанд. Чунин тарзи кор имкон медиҳад, ки онҳо ҳамдигарро дастгирӣ ва табодули таҷриба кунанд. Инчунин талаботи СОАГ низ аз он иборат аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузург фаъолиятҳо бояд беғаразона ва дастаҷамъона бошад. Инчунин ҳар нафаре, ки тренинги СОАГ-ро мегузарад, пас аз Восита/инструменти 1 ва 2 дар оила ва ҷойҳои кору зисташон ба 5 нафари дигар донишҳои андӯхтаашонро меомӯзанд. Дар оғози тренингҳо иштирокчиён аз омӯзонидани 100 нафарии дигар, яъне дар маҷмӯъ 200 нафари дигар иттилоъ доданд. Ҳамин тариқ дар бораи Системаи омӯзиши амалияи гендерӣ (СОАГ) аллакай дар вилояти Суғд 251 нафар донишҳои гендерии худро баланд бардошта истодаанд, ки зиёда аз 50%-и онро занону духтарон ташкил медиҳанд.

23

мая

Первые победители практических гендерных исследований

Первые победители практических гендерных исследований (СОАГ-ГАЛС) под эгидой ОО «Фидокор» в рамках проекта «Луч света» в Таджикистане - совместной инициативы ЕС и ООН по искоренению насилия в отношении женщин и девочек в городах и районах стали действовать самостоятельно в городах и районах  Явон, Исфара, Рудаки, Восе, Бободжон и Гафуров.    Так, 17 мая 2022 года Лола Гуломова и ее команда провели первый тренинг по «Мечте» и «Путешествию с мечтой» с участием 20 мужчин и женщин в селе Тугарак Восейского района,в рамках проекта,координатор которого -Мадина Джумаева , также приняла участие в мероприятии и ознакомила участников с методологией SOAG-GALS.    Она отметила, что с 12 по 22 апреля текущего года 22 человека из 6 целевых городов и районов прошли обучение на тему «Внедрение методологии системы практического гендерного образования (СОАГ-ГАЛС) в рамках ООН-Женщины в Таджикистане» и Лола , Гульнора, Файзинисо и Сайора из Восейского района – первые чемпионы SOAG-GALS. Команда Лолы поделится своими знаниями о SOAG-GALS с другими. В тренинге приняли участие представители структуры «ООН-женщины» Диана Исмоилова,а также общественной организации «Фидокор» Мадина Джумаева и Марифат Шокирова.

17

мая

История успеха Шабнам

Наш рассказ о девушке со сложной судьбой, которая сумела не только выдержать трудности, но и помочь устоять своим старшим соседкам и подругам. Шабнам Шарипову (имя и фамилия по просьбе девушки изменены) родители сразу после окончания школы выдали замуж за человека, намного старше её, к тому же постоянно пребывавшего в трудовой миграции. После свадьбы муж увёз Шабнам в Россию, где она в качестве домохозяйки готовила, стирала, убирала в квартире с 20 трудовыми мигрантами. И при этом муж постоянно попрекал её за «иждивенчество», часто бил. А спустя год, когда Шабгам вернулась домой с маленьким ребёнком на руках, по телефону написал короткое СМС со словом «талок» (развод – тадж.) и этого оказалось достаточно, чтобы женщину выгнали на улицу. Обычная ситуация в Таджикистане. Но Шабнам не сдалась, решила стать успешной швеёй, освоить новые для себя навыки. Как раз в это время в Вахше ОО «Фидокор» в сотрудничестве с Общественным Фондом Fair & Sustainable Development Solutions (FSDS), начала реализацию проекта Шабнам попала в наше поле зрения именно своим мужеством и позитивным настроем. Она сразу отозвалась на наш призыв участвовать в проекте, и привела на курсы таких же, как она, женщин-членов семей трудовых мигрантов. «Многие мои подруги, родственники и соседки уехали в Россию на заработки, но там они никому не нужны, потому что у них нет профессии, они сидят дома, и их положение никак не изменилось. После того, как меня научили в рамках проекта основным навыкам швейного дела, я стала уверенно смотреть в будущее, и теперь не чувствую себя нахлебницей и иждивенкой, как меня обзывали в семье моего бывшего мужа. Теперь я поставила перед собой цель: объединить несколько своих подруг, научиться грамотно тратить заработанные деньги, и создать небольшой бизнес. Уверена, что благодаря проекту нам это удастся» - говорит Шабнам.

6

мая

Гармхонаҳои замонавӣ барои 291 кӯдакону наврасон, 42 омӯзгор аз се мактаби ноҳияи Сангвор

Дар доираи лоиҳаи «Такмили амнияти устувори ғизо ва амалияи гигиенӣ ва нигоҳубин барои занону кӯдакон дар ҷамоатҳои деҳот дар водии Рашти Тоҷикистон» бо дастгирии Welthungerhilfe (Агро Аксияи Олмон) ва HELVETAS Intercooperation gGmbH ташкилоти ҷамъияти “Фидокор” барои 291 кӯдакону наврасон, 42 омӯзгор аз се мактаби ноҳияи Сангвор гармхонаҳои замонавӣ дастрас намуд. Ба шарофати ин амали нек акнун хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии номбурда имконият пайдо карданд, ки сатҳи дастрасиро ба ғизои солим баланд намоянд