В Душанбе провели TechBootCamp

Несмотря на выдавшееся знойное лето, таджикская молодежь решила не отдыхать, а обучаться использовать инновационные технологии в учебе и работе.  При поддержке Counterpart International, общественная организация «Фидокор» совместно с Институтом инновационного управления (Украина) провели двухдневное мероприятие Dushanbe TechBootCamp для 24 молодых представителей гражданского общества, призванных решать социальные проблемы.

Участники необычного «технолагеря», которым стала в течение двух дней гостиница «Атлас», были отобраны среди 120 поступивших заявок. Но как отметили организаторы, главный критерий -  молодые люди, которые хотят научиться использовать в своей работе новые технологические инструменты, изучить инновации в сфере данных в социальной сфере, встретиться с единомышленниками из Таджикистана и работать над общими проектами.

Как объяснил исполнительный директор ОО «Фидокор» Тимур Нурлобеков, основная цель проведения данного мероприятия -  научить представителей организаций гражданского общества пользоваться передовыми инновационными технологиями,  которые позволят им в будущем разработать прототипы продуктов, помогающим решить социальные проблемы страны.

«Мы также хотим обеспечить наставничество для НПО - разработчиков проектов в области технологий, социальных и информационных инноваций», - отметил он.

Формат мероприятия тоже необычный. Международные тренеры Анна Меленчук и Талат Нуманов на самом тренинге, а Ян Бус (Ian Booth) и Баха Наср (Bahaa Nasr) в формате скайп-конференции, ознакомили участников с понятиями технологических, социальных и информационных инноваций.  Они сумели доходчиво и просто объяснить молодым активистам о таких сложных понятиях, как «умный» дизайн, «starbursting», цифровая безопасность, Scrum.

Обзор о связях между информационно-коммуникационными технологиями и Целями Устойчивого Развития  позволил участникам лучше понять глобальную повестку дня по социальным инновациям в контексте достижения устойчивого развития на всех уровнях. Очень сильное впечатление на участников, по их признанию, произвела онлайн-сессия по цифровой безопасности, которую провел Баха Наср.  Юноши и девушки с особым интересом спрашивали об уровне безопасности, который обеспечивает тот или иной мессенджер.

«Мне лично, понравились практические советы от тренеров Анны Меленчук и Талата Нуманова. Во время обучения, мы узнали много интересного о совместной работе над проектами, эффективном и эффектном фотографировании, о соблюдении элементарных правил безопасности в сети интернет. Многие лайфхаки от тренеров нам пришлись по вкусу  из-за того,  что их можно выполнять без особых трудностей и затрат», - поделилась впечатлениями участница Омина Аминова из ОО «Хуршед».

Во время TechBootCamp участники определили несколько важных социальных тематик,  по которым им предстояло работать, разрабатывая проекты. Они разбились на  команды и в течение двух дней разрабатывали драфты проектов по вопросам искоренения бедности, коррупции, улучшению доступа к здравоохранению и экологии.

«Эффективность предложенной тренером Анной Меленчук методологии Scrum подтвердилась, когда группы презентовали свои наработки. Scrum - популярный инструмент управления проектами, используемый в мире информационных технологий. Участники постарались развить идею своего проекта в соответствии с методологией: короткие циклы управления проектами, которые помогают создавать прототипы ИТ-продуктов за ограниченное время. Многие успешно справились со своими заданиями», - отмечает координатор проекта ОО «Фидокор» Рустам Бахриддинов.

Большинство участников решили разработать мобильные приложения, которые будут способствовать взаимодействию граждан с местными органами власти, информировать граждан по конкретным вопросам и содействовать взаимодействию гражданского общества и госструктур для решения насущных социальных вопросов, которые были обсуждены в течение тренинга.
Для разработки продуктов участникам было предложено написать технические задания. Инструкторы-тренеры давали полезные советы и приводили примеры успешных историй. Кроме того, участникам были предоставлены базы данных ИТ-волонтеров, онлайн-курсы по ИТ и разработке приложений.
 «В целях поддержки разработки проектов, предлагаемых на тренинге, Институт инновационного управления предлагает проводить регулярные онлайн-встречи с участниками тренинга. Чтобы усилить результаты TechBootCamp и поддержать ОГО из Таджикистана в приобретении хороших ИТ и технических навыков, мы готовы провести еще один тренинг по технологическим, социальным и информационным инновациям для НПО из Центральной Азии. Другим способом сотрудничества может быть организация вебинаров для центральноазиатских ОГО», - отметила Анна Меленчук.

Несмотря на короткий срок, Dushanbe TechBootCamp уже дал первые конкретные результаты: 11 участников установили мобильное приложение anWriter Free, которое позволяет самостоятельно начать изучение языков программирования.  Некоторые участники после возвращения домой провели в своих организациях мини-тренинги и рассказали коллегам о том, чему научились. А руководство ОО «Джавонони навовар» из города Бохтар поблагодарила организаторов за то, что научили волонтера их организации Эраджа Одинаева полезным навыкам: парень недавно провел для одиноких пенсионеров города индивидуальные консультации о том, как защитить себя от мошенников, которые находятся рядом с банкоматами. После тренинга он также самостоятельно продолжил работу над проектной заявкой о проведении инновационной инклюзивной бизнес-лаборатории для вернувшихся трудовых мигрантов, оформив ее для последующего представления грантовому комитету ПРООН Таджикистан.

Ожидается, что навыки в области ИТ и технологий, полученные во время TechBootCamp, будут способствовать развитию социальных инноваций гражданским обществом в Таджикистане и Innovation4Change Hub в Центральной Азии.

 

12

сентября

«Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон»

Қисмтаи «Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон» дар доираи амалигардонии Ташаббуси Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон – Ташаббуси муштараки ИА ва СММ барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон аз ҷониби сохтори СММ-Занон ва шарики миллӣ ТҶ «Фидокор» татбиқ мешавад.  Созмони Ҷамъиятии “Фидокор” дар доираи татбиқи қисмтаи «Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон» аз моҳи май то июли соли 2022 дар 6 шаҳру ноҳияи ҳадафии Ёвон, Исфара, Ҳисор, Восеъ, Б.Ғафуров ва Рудакӣ, инчунин шаҳри Душанбе 25 Ҳамоиш (Аксия) - ҳои иттилоотӣ-маърифатиро баргузор намуд, ки дар онҳо 2197 нафар, аз ҷумла 1215 нафар зан (55,3%) ва 982 нафар мард (44,7%), аз тамоми қишрҳои ҷомеа ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузории Ҳамоишҳо, дар заминаи Методологияи СОАГ (системаи омӯзиши амалияи гендерӣ) пешгирӣ ва коҳиш додани ҳамагуна шаклҳои зӯроварӣ дар хонавода ва ҷомеа, шикастани қолабҳои шахшудае, ки дар ҷомеаи суннатӣ вуҷуд дорад ва монеа ба рушди занону духтарон мегарданд, мебошад. Ҳамоишҳо тавассути баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ дар самтҳои баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, оиладорӣ ва ғайраҳо буда, дар ҳар сурат дар коҳиш додани зӯроварӣ дар Оила мусоидат хоҳад кард.ё Мисол:  Ҳамоиши “Ошпази беҳтарин”, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рудакӣ ва Восеъ баргузор карда шуд, агар аз як тараф шикастани қолабҳои шахшуда бошад, аз ҷониби дигар ба фаъолиятҳои ғайрианъанавӣ, ки метавонад дар даромади иқтисодии Оила нақши бориз дошта бошад, ҷалб намудани занону духтарон аст. Дар маъракаҳои ҷамоъавии маҳалла ва шаҳру ноҳияҳо одатан пухтани ҳаргуна хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла ОШ, аз ҷониби мардон сурат мегирад, аммо баъакс дар хонавода бошад тибқи фарҳанги суннатии хонаводагӣ, омода кардани хӯрок, бар зимаи занону духтарон аст. Пӯшида нест, ки раванди ҷаҳонишавии муҳоҷират теъдоди мардонро дар бархе аз маҳаллаҳо кам кардааст ва дар вақти гузаронидани маъракаҳои ҷамоавӣ (тӯю маъракаҳо) соҳибони маърака аз маҳаллаҳои дигар ошпаз даъват мекунанд. Ҳол он ки чанд зани дигари маҳалла метавонанд аз ӯҳдаи омода кардани хӯрокҳои миллӣ дар маъракаҳои калон ба хубӣ бароянд ва ҳоҷат ба даъвати нафаре аз маҳаллаи дигар намемонад. Дар баргузории ин Ҳамоиш дар маҳаллаҳои Латтабанди ҷ/д Ориёни ш.Ҳисор (дар якҷоягӣ бо ТҶ “Муниси дил”), дар ҳавлии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии н.Рӯдакӣ ва деҳаи Тугараки ҷ/д Тугараки н.Восеъ зиёда аз 80 Оила, ки дар маҷмӯъ 277 нафарро ташкил медод, ширкат варзиданд, ки аз он шумор 158 нафари онҳоро занон ва ё (57%) ва 119 нафарашро мардон ва ё (43%)-ро ташкил медод.  Дар 2-Ҳамоиши варзишии “Варзиш барои ҳама” ва “Варзиш-гарави саломатӣ”, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, дар варзишгоҳи марказии шаҳр (футбол байни духтарон ва писарон) ва дар деҳаи дурдасти Чангоби ҷ/д. Хонақоҳи куҳӣ дар варзишгоҳи истироҳатгоҳи “Сарҳадбонон” миёни наврасони 15 то 17 сола, таккони ҷиддие ба наврасон ва хонаводаи онҳо дод. Дар чорабиниҳои болозикр 260 нафар наврасони 15 то 17 сола ширкат варзиданд, ки 113 нафар ва ё (43,5%)-ро духтарон ва 147 нафар ва ё (56,5%)-и онро писарон ташкил медоданд. Зимни баргузории чорабиниҳо намояндагони МИҲД-и шаҳри Ҳисор, бахши кор бо занон ва оила, ТҶ “Муниси дил” ба иштирокчиён ва аҳли тамошобинон, ки аксарашон аъзоёни хонаводаҳои иштирокчиёни бозиҳои варзишӣ буданд, ширкат варзиданд. Хонақоҳи кӯҳӣ, ки яке аз ҷамоатҳои дурдасти шаҳр ба шумор меравад, мардуми он фарҳанги суннатии хоси худро доранд. Онҳо ба варзиш машғул шудани занону духтаронро айб ва коста шудани обрӯйи хонавода медонанд, маҳз чорабинии мазкур ва иттилоотонии назарияҳои баробарии гендерӣ ва баробарҳуқуқии мардону занон аз нигоҳи Ислом ва қонунгузории миллӣ ба назари онҳоро барои ба машғулиятҳои варзишӣ ҷалб шудани духтарон дигаргун кард. Акнун духтарони ин ҷамоати деҳоти дурдаст метавонанд дар дилхоҳ бозиҳо ва озмунҳои варзишӣ ширкат варзанд. Волидон ва бародарону хоҳарони духтарон худашон акнун барои машғул шудан ба варзиш таваҷҷӯҳи хос доранд. Онҳо барои дар деҳаҳои ин ҷамоати дурдаст сохтани майдончаҳои варзишӣ барои духтарону писарон омодаанд дар бунёд ва ободонии майдончаҳо саҳмгузорӣ кунанд.  Дар Ҳамоишҳои “Дунёи бехушунат” дар шаҳри Ҳисор, “Оила – бидуни зӯроварӣ” дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Восеъ, “Дунёи бехатари ман” ва "Хонаи мо-макони Сулҳ, Хушбахтӣ ва Баробарҳуқуқӣ" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ғайраҳо бо роҳу воситаҳои гуногуни навоварона баргузор карда шуд, ки ҳамагӣ ба коҳиш додани тамоми шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон равона шуда буд. Дар чорабиниҳои болозикр 1560 нафар ширкат варзиданд, ки 894 нафари онҳоро занону духтарон ва ё (57,3) ва 666 нафар мардон ва ё (42,7%) ташкил медоданд. Дар ҳамин радиф, иштирокчиён тавонистанд оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ дар ҶТ, оқибатҳои зӯроварии хонаводагӣ ва таъсири он ба хушбахтӣ, ҳолати равонии аъзоёни Оила, иқтисод ва сар задани ҳамагуна ҷиноятҳо маълумоти зарурӣ гирифта, сатҳи иттилоотии худро баланд бардоранд, инчунин онҳо иттилооти гирифтаи худро дар маҳаллаҳо, байни ҳамкорону аъзоёни Оилаашон, хешовандон ва дигар ҳамнишинонашон метавонанд расонанд. Хулоса: Ҳамаи 25 Ҳамоиш дар шаҳру ноҳияҳои ҳадафӣ мақсаднок ва нишонрас дар сатҳи хуб баргузор карда шуд, ки дар онҳо аз тамоми қишрҳои ҷомеа, ба монанди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ ва зерсохторҳои он, МИҲД, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаю шаҳракҳо, намояндагони дин, соҳибхоназанҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо, омӯзгорону хонандагон ва кормандони соҳаҳони гуногун ва бекорон ширкат варзида, дар самаранок баргузор намудани чорабиниҳои мазкур нақши муассир гузоштанд.

27

июля

Тадқиқоти этнографӣ дар Ёвон, Ҳисор, Исфара, Б.Ғафуров, Восеъ ва Рӯдакӣ.

Қисмтаи  «Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон» дар доираи амалигардонии Ташаббуси Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон – Ташаббуси муштараки ИА ва СММ барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон аз ҷониби сохтори СММ-Занон ва шарики миллӣ ТҶ «Фидокор» татбиқ мешавад.    Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба татбиқи сиёсати гендерӣ ва пешгирии ҳамагуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон дар кишвар як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба монанди: • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (1.03. 2005); • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (19.03.2013); • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” (3.05.2014) ва ғ.ҳ. ба тасвиб расонида бошад ҳам, ҳанӯз муҳити атроф, урфу одат, қолабҳои шахшуда ва дигар меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ дар аксари маврид барои пешгирӣ ва рафъи зӯроварии хонаводагӣ, махсусан зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон дар ҷомеаи сунатии Тоҷикистон, монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Созмони ҷамъиятии “Фидокор” бо мақсади муайян ва тартиб додани рӯйхати меъёрҳои иҷтимоӣ, муносибат, рафторҳои зараровар ва мусбии  марбут ба зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон (ЗНЗД) дар шаҳру ноҳияҳои ҳадафии Ёвон, Ҳисор, Исфара, Б.Ғафуров, Восеъ ва Рӯдакӣ, инчунин муайян кардани шабакаҳои мушовирон ва паҳнкунандагони  маҳаллии меъёрҳо оид ба тағйир додани муносибат, рафтор ва тадбирандешиҳо барои хотима бахшидан ба ЗНЗД  дар доираи Лоиҳаи болозикр аз моҳи май то июли соли 2022 татдқиқоти  этнографӣ гузаронид. Барои самарабахш гузаронидани татқиқоти этнографӣ ба муҳаққиқони маҳаллӣ тренинги омӯзишии 3 –рӯзаи “Татқиқоти этнографӣ оид ба масъалаҳои ЗНЗД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” баргузор карда шуд. Сипас муҳаққиқони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҳадафӣ аз рӯйи мубоҳисаҳои  фокус-гурӯҳӣ, мусоҳибаи амиқ ва мушоҳидаҳо сари кор гирифтанд. Барои гузаронридани тадқиқоти мазкур тамоми мусоҳибон ба 3 гурӯҳи калон тақсим шуда буданд: 1) фаъолони сохторҳои давлатӣ ва аз байни ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин; 2) Занони синну солҳои гуногун аз байни аҳолӣ, новобаста аз мақому мартабаашон; 3) мардони синну солҳои гуногун новобаста аз мақому мартабаашон. Дар умум 30 мубоҳисаҳои фокус-гурӯҳӣ, 30 пурсиши амиқ ва 12 мушоҳидаҳои 2-3-рӯза дар муҳити хонавода гузаронида шуданд. Зимни гузаронидани тадқиқот ғайр аз пайдо кардани ҷавобҳо ба саволҳои тадқиқотӣ, ҳолатҳо ва қиссаҳои гуногуне ҷамъ оварда шуданд. Пас аз пурра таҳлили шудани натиҷаҳои тадқиқот, ТҶ “Фидокор” дар мувофиқа бо СММ-Занон, иловатан иттилоъ хоҳад дод.  

22

июня

«Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон»

Қисмтаи  «Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон» дар доираи амалигардонии Ташаббуси Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон – Ташаббуси муштараки ИА ва СММ барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон аз ҷониби сохтори СММ-Занон ва шарики миллӣ ТҶ «Фидокор» татбиқ мешавад.  Рӯзи 30 майи соли 2022 дар ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров Чемпионҳои “Системаи омӯзиши амалияи гендерӣ” (СОАГ) Шуҷоат Ҳасанова ва Рафоат Бобоева  аз рӯйи Восита/инструменти 3  “Дарахти Оилаи хушбахт” барои 22 – нафар иштирокчӣ, ки 14 нафар (64%) –и онро занон ташкил медиҳанд тренинг гузарониданд. Иштирокчиёни тренинг бо як рӯҳи болида зимни кори гурӯҳӣ ба гурӯҳҳои мардона ва занона муттаҳид шуда, фаъолияти худро тавассути кашидани расмҳо ишора мекарданд.  Ногуфта намонад, ки тренингҳои СОАГ аз тренингҳои маъмулӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар тренингҳои СОАГ иштирокчиён танҳо тавассути кашидани расм орзӯ, роҳҳои расидан ба орзӯ ва дастовардҳои худро ишора мекунанд, вале онро дастаҷамъона муҳокима мекунанд. Дар Восита//инструменти 3  “Дарахти Оилаи хушбахт”, гурӯҳҳо дар рӯи он кор хоҳанд кард ва барои ба мувозинат даровардани реша, шоха ва зершоха ва давраҳо, дар атрофи доираи сабз, мӯҳлатҳоро муқаррар мекунанд. Чунин тарзи кор ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки худашон тасмимгиранда бошанд то нақши ҳар як аъзои хонавода (марду зан) дар бадастовардани дастовардҳо зарур ва мушаххас инъикос шавад ва он ноайён ба баробарии гендерӣ мусоидат мекунад.  Чунин тренинг рӯзи 31 майи соли 2022 дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ш.Исфара баргузор гардид. Дар кори тренинг 21 нафар ширкат доштанд, ки 13 ва ё (62%)-ро занону духтарон ташкил медоданд.    Боиси қайд аст, ки тренерони маҳаллии СОАГ аз  шаҳру ноҳияи Исфара ва Б.Ғафуров Шуҷоат Ҳасанова ва Рафоат Бобоева  тасмим гирифтаанд тренингҳоро бо дастгирии дигар аъзоёни тимашон дастаҷамъона гузаронанд. Чунин тарзи кор имкон медиҳад, ки онҳо ҳамдигарро дастгирӣ ва табодули таҷриба кунанд. Инчунин талаботи СОАГ низ аз он иборат аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузург фаъолиятҳо бояд беғаразона ва дастаҷамъона бошад. Инчунин ҳар нафаре, ки тренинги СОАГ-ро мегузарад, пас аз Восита/инструменти 1 ва 2 дар оила ва ҷойҳои кору зисташон ба 5 нафари дигар донишҳои андӯхтаашонро меомӯзанд. Дар оғози тренингҳо иштирокчиён аз омӯзонидани 100 нафарии дигар, яъне дар маҷмӯъ 200 нафари дигар иттилоъ доданд. Ҳамин тариқ дар бораи Системаи омӯзиши амалияи гендерӣ (СОАГ) аллакай дар вилояти Суғд 251 нафар донишҳои гендерии худро баланд бардошта истодаанд, ки зиёда аз 50%-и онро занону духтарон ташкил медиҳанд.

23

мая

Первые победители практических гендерных исследований

Первые победители практических гендерных исследований (СОАГ-ГАЛС) под эгидой ОО «Фидокор» в рамках проекта «Луч света» в Таджикистане - совместной инициативы ЕС и ООН по искоренению насилия в отношении женщин и девочек в городах и районах стали действовать самостоятельно в городах и районах  Явон, Исфара, Рудаки, Восе, Бободжон и Гафуров.    Так, 17 мая 2022 года Лола Гуломова и ее команда провели первый тренинг по «Мечте» и «Путешествию с мечтой» с участием 20 мужчин и женщин в селе Тугарак Восейского района,в рамках проекта,координатор которого -Мадина Джумаева , также приняла участие в мероприятии и ознакомила участников с методологией SOAG-GALS.    Она отметила, что с 12 по 22 апреля текущего года 22 человека из 6 целевых городов и районов прошли обучение на тему «Внедрение методологии системы практического гендерного образования (СОАГ-ГАЛС) в рамках ООН-Женщины в Таджикистане» и Лола , Гульнора, Файзинисо и Сайора из Восейского района – первые чемпионы SOAG-GALS. Команда Лолы поделится своими знаниями о SOAG-GALS с другими. В тренинге приняли участие представители структуры «ООН-женщины» Диана Исмоилова,а также общественной организации «Фидокор» Мадина Джумаева и Марифат Шокирова.