«Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон»

Қисмтаи «Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон» дар доираи амалигардонии Ташаббуси Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон – Ташаббуси муштараки ИА ва СММ барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон аз ҷониби сохтори СММ-Занон ва шарики миллӣ ТҶ «Фидокор» татбиқ мешавад.  Созмони Ҷамъиятии “Фидокор” дар доираи татбиқи қисмтаи «Тадқиқоти этнографии меъёрҳои зиёнрасони иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои таблиғотии оммавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон» аз моҳи май то июли соли 2022 дар 6 шаҳру ноҳияи ҳадафии Ёвон, Исфара, Ҳисор, Восеъ, Б.Ғафуров
ва Рудакӣ, инчунин шаҳри Душанбе 25 Ҳамоиш (Аксия) - ҳои иттилоотӣ-маърифатиро баргузор намуд, ки дар онҳо 2197 нафар, аз ҷумла 1215 нафар зан (55,3%) ва 982 нафар мард (44,7%), аз тамоми қишрҳои ҷомеа ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории Ҳамоишҳо, дар заминаи Методологияи СОАГ (системаи омӯзиши амалияи гендерӣ) пешгирӣ ва коҳиш додани ҳамагуна шаклҳои зӯроварӣ дар хонавода ва ҷомеа, шикастани қолабҳои шахшудае, ки дар ҷомеаи суннатӣ вуҷуд дорад ва монеа ба рушди занону духтарон мегарданд, мебошад. Ҳамоишҳо тавассути баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ дар самтҳои баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, оиладорӣ ва ғайраҳо буда, дар ҳар сурат дар коҳиш додани зӯроварӣ дар Оила мусоидат хоҳад кард.ё


Мисол:
 Ҳамоиши “Ошпази беҳтарин”, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рудакӣ ва Восеъ баргузор карда шуд, агар аз як тараф шикастани қолабҳои шахшуда бошад, аз ҷониби дигар ба фаъолиятҳои ғайрианъанавӣ, ки метавонад дар даромади иқтисодии Оила нақши бориз дошта бошад, ҷалб намудани занону духтарон аст. Дар маъракаҳои ҷамоъавии маҳалла ва шаҳру ноҳияҳо одатан пухтани ҳаргуна хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла ОШ, аз ҷониби мардон сурат мегирад, аммо баъакс дар хонавода бошад тибқи фарҳанги суннатии хонаводагӣ, омода кардани хӯрок, бар зимаи занону духтарон аст. Пӯшида нест, ки раванди ҷаҳонишавии муҳоҷират теъдоди мардонро дар бархе аз маҳаллаҳо кам кардааст ва дар вақти гузаронидани маъракаҳои ҷамоавӣ (тӯю маъракаҳо) соҳибони маърака аз маҳаллаҳои дигар ошпаз даъват мекунанд. Ҳол он ки чанд зани дигари маҳалла метавонанд аз ӯҳдаи омода кардани хӯрокҳои миллӣ дар маъракаҳои калон ба хубӣ бароянд ва ҳоҷат ба даъвати нафаре аз маҳаллаи дигар намемонад. Дар баргузории ин Ҳамоиш дар маҳаллаҳои Латтабанди ҷ/д Ориёни ш.Ҳисор (дар якҷоягӣ бо ТҶ “Муниси дил”), дар ҳавлии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии н.Рӯдакӣ ва деҳаи Тугараки ҷ/д Тугараки н.Восеъ зиёда аз 80 Оила, ки дар маҷмӯъ 277 нафарро ташкил медод, ширкат варзиданд, ки аз он шумор 158 нафари онҳоро занон ва ё (57%) ва 119 нафарашро мардон ва ё (43%)-ро ташкил медод.

 Дар 2-Ҳамоиши варзишии “Варзиш барои ҳама” ва “Варзиш-гарави саломатӣ”, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, дар варзишгоҳи марказии шаҳр (футбол байни духтарон ва писарон) ва дар деҳаи дурдасти Чангоби ҷ/д. Хонақоҳи куҳӣ дар варзишгоҳи истироҳатгоҳи “Сарҳадбонон” миёни наврасони 15 то 17 сола, таккони ҷиддие ба наврасон ва хонаводаи онҳо дод. Дар чорабиниҳои болозикр 260 нафар наврасони 15 то 17 сола ширкат варзиданд, ки 113 нафар ва ё (43,5%)-ро духтарон ва 147 нафар ва ё (56,5%)-и онро писарон ташкил медоданд. Зимни баргузории чорабиниҳо намояндагони МИҲД-и шаҳри Ҳисор, бахши кор бо занон ва оила, ТҶ “Муниси дил” ба иштирокчиён ва аҳли тамошобинон, ки аксарашон аъзоёни хонаводаҳои иштирокчиёни бозиҳои варзишӣ буданд, ширкат варзиданд. Хонақоҳи кӯҳӣ, ки яке аз ҷамоатҳои дурдасти шаҳр ба шумор меравад, мардуми он фарҳанги суннатии хоси худро доранд. Онҳо ба
варзиш машғул шудани занону духтаронро айб ва коста шудани обрӯйи хонавода медонанд, маҳз чорабинии мазкур ва иттилоотонии назарияҳои баробарии гендерӣ ва баробарҳуқуқии мардону занон аз нигоҳи Ислом ва қонунгузории миллӣ ба назари онҳоро барои ба машғулиятҳои варзишӣ
ҷалб шудани духтарон дигаргун кард. Акнун духтарони ин ҷамоати деҳоти дурдаст метавонанд дар дилхоҳ бозиҳо ва озмунҳои варзишӣ ширкат варзанд. Волидон ва бародарону хоҳарони духтарон худашон акнун барои машғул шудан ба варзиш таваҷҷӯҳи хос доранд. Онҳо барои
дар деҳаҳои ин ҷамоати дурдаст сохтани майдончаҳои варзишӣ барои духтарону писарон омодаанд дар бунёд ва ободонии майдончаҳо саҳмгузорӣ кунанд.


 Дар Ҳамоишҳои “Дунёи бехушунат” дар шаҳри Ҳисор, “Оила – бидуни зӯроварӣ” дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Восеъ, “Дунёи бехатари ман” ва "Хонаи мо-макони Сулҳ, Хушбахтӣ ва Баробарҳуқуқӣ" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ғайраҳо бо роҳу воситаҳои гуногуни навоварона баргузор карда шуд, ки ҳамагӣ ба коҳиш додани тамоми шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон равона шуда буд. Дар чорабиниҳои болозикр 1560 нафар ширкат варзиданд, ки 894 нафари онҳоро занону духтарон ва ё (57,3) ва 666 нафар мардон ва ё (42,7%) ташкил медоданд. Дар ҳамин радиф, иштирокчиён тавонистанд оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ дар ҶТ, оқибатҳои зӯроварии хонаводагӣ ва таъсири он ба хушбахтӣ, ҳолати равонии аъзоёни Оила, иқтисод ва сар задани ҳамагуна ҷиноятҳо маълумоти зарурӣ гирифта, сатҳи иттилоотии худро баланд бардоранд, инчунин онҳо иттилооти гирифтаи худро дар маҳаллаҳо, байни ҳамкорону аъзоёни Оилаашон, хешовандон ва дигар ҳамнишинонашон метавонанд расонанд.

Хулоса: Ҳамаи 25 Ҳамоиш дар шаҳру ноҳияҳои ҳадафӣ мақсаднок ва
нишонрас дар сатҳи хуб баргузор карда шуд, ки дар онҳо аз тамоми
қишрҳои ҷомеа, ба монанди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ ва
зерсохторҳои он, МИҲД, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаю
шаҳракҳо, намояндагони дин, соҳибхоназанҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва
аъзоёни оилаи онҳо, омӯзгорону хонандагон ва кормандони соҳаҳони
гуногун ва бекорон ширкат варзида, дар самаранок баргузор намудани
чорабиниҳои мазкур нақши муассир гузоштанд.

25

декабря

Реализация грантовой программы в Файзабадском районе

В октябре 2024 года ОО «Фидокор» осуществила мониторинг гранта в Файзабадском районе с целью имплементации компонента «Социальный мониторинг и Общественный Диалог»  в рамках проекта Правительства Швейцарии «Доступ к правосудию», реализуемый Филиалом Ассоциации «ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшн» в Республике Таджикистан в консорциуме с ПРООН.    В ходе реализации грантовой программы были приобретены, транспортированы и установлены швейные машинки для создания швейной артели.  Это способствовало созданию швейного цеха, что несомненно повысило трудовую занятость женщин в джамоате Нодири.     Раннее в джамоате отсутствовал швейный цех, что очень усложняло женщинам их трудовую деятельность в данной отрасли. Однако теперь жительницы Нодири не только обрели возможность для реализации своей трудовой занятости. Теперь швейный цех обрёл ещё два места, благодаря купленным швейным машинкам.    При поддержке Министерства Юстиции, Филиал Ассоциации "ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшен" разработал методологию социального мониторинга и общественного диалога (СМОД), целью которого является укрепление платформы Верховенства закона и доступа к правосудию через усиление координации устойчивой взаимосвязи между госорганами и гражданским обществом при решении правовых и социальных вопросов.

28

ноября

Реализация грантовой программы в городе Турсунзода

В октябре 2024 года ОО «Фидокор» осуществила мониторинг гранта в городе Турсунзода с целью имплементации компонента «Социальный мониторинг и Общественный Диалог»  в рамках проекта Правительства Швейцарии «Доступ к правосудию», реализуемый Филиалом Ассоциации «ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшн» в Республике Таджикистан в консорциуме с ПРООН.  В ходе реализации грантовой программы в школу N98 были приобретены: ноутбук, две доски и информационный раздаточный материал на тему ответственности родителей и учителей за воспитание детей. Всё необходимое послужило инструментами для повышения правовой грамотности и ответственности не только учащихся старших классов, но и их родителей. Подробности в видео.  При поддержке Министерства Юстиции, Филиал Ассоциации "ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшен" разработал методологию социального мониторинга и общественного диалога (СМОД), целью которого является укрепление платформы Верховенства закона и доступа к правосудию через усиление координации устойчивой взаимосвязи между госорганами и гражданским обществом при решении правовых и социальных вопросов.

20

ноября

Реализация грантовой программы в районе Дусти

В октябре 2024 года ОО «Фидокор» осуществила мониторинг гранта в районе Дусти с целью имплементации компонента «Социальный мониторинг и Общественный Диалог»  в рамках проекта Правительства Швейцарии «Доступ к правосудию», реализуемый Филиалом Ассоциации «ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшн» в консорциуме с ПРООН. В ходе реализации грантовой программы были организованы информационные сессии со стороны Гульзары Киясовой, имплементатора субпроекта, а также одной из участниц тренинга по "Профилактике ранних браков" среди девочек и женщин в джамоате Джиликуль района Дусти. Она рассказала о возможных рисках и последствиях ранних браков, а также о важности повышения уровня образованности среди женщин. В ходе тренинга были проведены разъяснительные работы по предупреждению и предотвращению ранних браков среди девочек. При поддержке Министерства Юстиции Филиал Ассоциации "ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшен" разработал методологию социального мониторинга и общественного диалога (СМОД), целью которого является укрепление платформы Верховенства закона и доступа к правосудию через усиление координации устойчивой взаимосвязи между госорганами и гражданским обществом при решении правовых и социальных вопросов.

15

ноября

Реализация грантовой программы в районе Балхи

В октябре 2024 года ОО «Фидокор» осуществила мониторинг гранта в районе Балхи с целью имплементации компонента «Социальный мониторинг и Общественный Диалог»  в рамках проекта Правительства Швейцарии «Доступ к правосудию», реализуемый Филиалом Ассоциации «ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшн» в консорциуме с ПРООН. В ходе реализации грантовой программы были организованы инфосессии на тему "Цифровая безопасность" среди учащихся 10 и 11 классов в школе N10 и в гимназии N1. Основные правила информационной безопасности и грамотности каскадировались в том числе среди учителей школы. Нилуфар Шамсуллоева, фасилитатор проекта от района Балхи, рассказала о цифровой компетенции, а также разъяснила учащимся о первостепенных навыках, необходимых для эффективного и безопасного использования сетевых ресурсов. При поддержке Министерства Юстиции Филиал Ассоциации "ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшен" разработал методологию социального мониторинга и общественного диалога (СМОД), целью которого является укрепление платформы Верховенства закона и доступа к правосудию через усиление координации устойчивой взаимосвязи между госорганами и гражданским обществом при решении правовых и социальных вопросов.